Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев соли гузашта тақрибан 18000 доллар даромад доштааст


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, соли гузашта 1 миллиону 246 ҳазор сом (тақрибан 18 ҳазор доллар) даромад доштааст. Дар ҳамин ҳол, харҷаш 8 миллиону 385 ҳазор сом (қариб 120 ҳазор доллар) будааст. Вай дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст.

Тибқи ин ҳуҷҷат, президенти Қирғизистон як бинои иборат аз 116 метри мукааб ва боғи иборат аз 6,4 гектарро дар ихтиёр дорад. Президенти Қирғизистон амволи манқул надорад.

Хеши наздики Отамбоев дар соли 2016 250 ҳазор сом аз ҳисоби кори расмӣ, 369 ҳазор сом аз ҳисоби даромади вомбаргҳо, 2,5 миллион сом аз ҳисоби созишномаҳои ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва 100 ҳазор сом аз ҳисоби қарзҳои бонкиаш даромад доштааст. Дар эъломия гуфта нашудааст, ки ин кадом хеши наздики вай аст.

Нисбат ба соли 2015 даромадҳои президенти Қирғизистон тағйир ёфтаанд. Соли 2015 Отамбоев 1 миллиону 298 ҳазор сом даромад дошт. Аммо он замон вай 34 миллион харҷ карда буд. Даромади хеши наздикаш он замон 182 ҳазор сом аз ҳисоби кори расмӣ ва 112 ҳазор доллар аз ҳисоби фоизҳои амонатҳояш буд.

Алмосбек Отамбоев пештар гуфта буд, ки қабл аз президентиаш миллионер шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG