Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ аз пирӯзии нирӯҳои Ироқ ва шикасти ДИИШ хабар дод


Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, артиши кишварашро ба пирӯзӣ дар ҷанги ҳаштмоҳа барои озодсозии шаҳри Мавсил аз дасти “ҷиҳодиён” табрик кард. Ин шаҳр дар се соли ахир таҳти контроли ҷангҷӯён ва аз паноҳгоҳҳои аслии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқ буд.

Дафтари нахуствазир рӯзи 9-уми июл дар як баёнияи расмӣ гуфт, “Ҳайдар ал-Ибодӣ, сарфармондеҳи артиши Ироқ, ба шаҳри озодшудаи Мавсил рафта ва муборизони қаҳрамон ва мардуми Ироқро барои ин пирӯзии бузург табрик гуфт.”

Дар як акс дар саҳифаи расмиаш дар Твиттер Ҳайдар ал-Ибодӣ бо либоси низомии сиёҳ ва дар сар кӯлоҳ тасвир шудааст. Вай барои эълони озодии Мавсил аз дасти ҷангҷӯён ба ин дувумин шаҳри бузурги Ироқ рафтааст.

Нирӯҳои ироқӣ бо ҳимояти Эътилофи ба раҳбарии Амрико моҳи октябри соли гузашта амалиёти озодсозии Мавсилро оғоз карданд.

Ин ҷанги ҳаштмоҳа талафоти сангине баҷо гузоштааст. Бино ба хабари Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷариёни ин ҷанг ҳазорҳо нафар аз мардуми осоишта кушта ва тақрибан як миллион нафар ба тарки манзилашаон маҷбур шуданд.

XS
SM
MD
LG