Пайвандҳои дастрасӣ

Петр Порошенко: "Ин Украина набуд, ки ҷангро оғоз кард"


Петр Порошенко бо Рекс Тиллерсон

Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, сафари Рекс Тиллерсонро ба Киев аломати рӯшани пуштибонии Иёлоти Муттаҳида аз кишвараш донист. Ӯ рӯзи 9-уми июл дар нишасти хабарии муштарак бо Тиллерсон гуфт, ки Курт Волкер – фиристодаи вижаи Амрико – барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина чанд рӯз дар Киев мемонад.

Порошенко дар масъалаи ҳалли низои шарқи кишвараш гуфт, “ин Киев набуд, ки ҷангро оғоз кард. Ва ҳеҷ нирӯи украинӣ ҳам дар хоки Русия нест. Мо ин ҷангро ташкил ва оғоз накардем. Ин ҷанг аз тарафи Маскав тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шуд. Бинобар ин, калиди асосӣ барои ҳалли мусолиматомези қазия дар дасти Маскав аст.”

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе ба Киев расид. Ӯ гуфт, Украина то кунун роҳи тӯлониро тай кардааст, вале ҳанӯз корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд анҷом бидиҳад. Ӯ гуфт, “ин ҳама барои ҳифзи ояндаи Украина, ҷалби сармоягузорон ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани ин кишвар аз тарафи ҳамсояҳои аврупоиаш ҳаст.”

Бино ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Амрико, Рекс Тиллерсон инчунин нақша дорад, бо фаъолони калидии украинӣ, ки барои ислоҳот дар ин кишвар талош доранд, дидор кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG