Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Миср беш аз бист нафар кушта шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар як ҳамлаи мусаллаҳона, ки бо таркиши интиҳорӣ ё маргталабона оғоз шуд, ба камияш 23 сарбозро дар Миср куштанд.

Ин ҳамла рӯзи ҷумъаи 7-уми июл болои як постгоҳи амниятӣ дар яке аз гӯшаҳои дурафтодаи нимҳаҷазираи Синои Миср рух додааст.

Дар ду соли гузашта ин маргбортарин ҳамла болои нирӯҳои амниятӣ дар Миср аст. Ҳамла субҳи зуд ва замоне оғоз шуд, ки яке аз ҳамлаварон мошини бомбгузоришударо тарконд. Сипас даҳҳо марди ниқобпӯш бо силоҳ болои сарбозон оташ кушоданд.

Қасри Сафед ин ҳамларо маҳкум карда ва гуфтааст, ки Амрико дар мубориза бо терроризм дар канори Миср меистад.

XS
SM
MD
LG