Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Георгий Кошлаков дар 81-солагӣ даргузашт


Георгий Кошлаков
Георгий Кошлаков

Георгий Кошлаков, собиқ муовини раиси Шӯрои вазирон ва мушовири калони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июл бар асари сактаи қалбӣ аз олам даргузашт. Ӯ 81 сол дошт.

Кошлаков аз камтарин мансабдорони русзабони Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки баъд аз пошхӯрии иттиҳод кишварро тарк накард ва барои кору зиндагӣ дар инҷо боқӣ монд.

Вай соли 1936 дар шаҳри Екатеринбург ба дунё омада, Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Соли 1974 сардори Раёсати геологияи Тоҷикистони Шӯравӣ, аз соли 1984 ноиби аввали раиси Шӯрои вазирон ва соли 1991 вазири саноату захираҳои моддӣ буд. Георгий Кошлаков дар оғози солҳои навадум ба ҳайси раиси Кумитаи иқтисоду ояндабинӣ низ кор кардааст.

Ин узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ соли 1977 ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино ва соли 1986 унвони муҳандиси хидматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравиро гирифтааст. Соли 2015 аз тарафи ҳукумати Русия ордени “Дӯстӣ”-ро дарёфт кард.

Георгий Кошлаков дар солҳои бознишастагиаш ба ҳайси устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт ва раҳбари кафедраи иқтисод ва менеҷмент буд.

XS
SM
MD
LG