Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон ба мавқеи арманиҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ зарба зад


Тӯпхонаҳои Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ -16 апрели соли 2017

Вазорати дифои Озарбойҷон аз ҳамла ба мавқеи арманиҳо дар ҷумҳурии худгардони Қарабоғи Кӯҳӣ ва маҳви чашмгири нерӯи низомӣ ва техникаи ҳарбӣ хабар дод. Мақомоти низомии Озарбой рӯзи 7 июл гуфтанд, ки ин ҳамла ба хотири ҷилавгирӣ аз "тавтеа" анҷом шуд.

Дар навбати худ дафтари матбуоти артиши Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи Озарбойҷон бо истифода хумпорандоз ва тӯпхонаҳо, се низомии Қарабоғ захмӣ шуд. Дар ин хабар омадааст, ки нерӯҳои ҷумҳурии худгардони Қарабоғи Кӯҳӣ ба сӯи Озарбойҷон оташи ҷавобӣ кушоданд.

Арманистон ва Озарбойҷон пайваста якдигарро ба нақзи низоми оташбас дар марзи ин ҷумҳурии худгардон муттаҳам мекунанд.

Қарабоғи Кӯҳӣ бо аҳолии аксаран арманитабораш, соли 1991 аз ҳайъати Озарбойҷон берун шуд. Ин хуруҷ ба низои мусаллаҳона овард ва дар натиҷа Озарбойҷон назорат бар Қарабоғро аз даст дод.

Рӯзи 5 июл ҳамраисони гурӯҳи САҲА, миёнҷии гуфтушуниди байни Боку ва Ереван, аз тарафҳои низоъ даъват карданд, ки амалиёти низомиро оҷилан қатъ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG