Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Чин то Ҷопон. "Ҳоҷӣ пиёда" ба сафари навбатӣ омода мешавад


Абдулазиз Раҷабов
Абдулазиз Раҷабов

Абдулазиз Раҷабов, ҷаҳонгарди тоҷик, ки бештар бо номи “Ҳоҷӣ-пиёда” машҳур аст, бо як гурӯҳи шашнафарӣ ба сафари навбатӣ омодагӣ дорад. Ӯ рӯзи 7-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари онҳо Чину Ҷопон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Арабистони Саудӣ, Эрону Озарбойҷон ва Русияро дар бар хоҳад гирифт.

“Ҳамроҳони ман сокинони ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ ва шаҳри Душанбе ҳастанд”, - афзуд ӯ.

“Ҳоҷӣ пиёда” гуфт, чанд кишвар, аз ҷумла Чину Ҷопон, барояшон виза ё раводиди бепул дода, мақомоти Арабистони Саудӣ то ҳол аз додани виза худдорӣ кардаанд. Ӯ гуфт, се нафар аз ҳамроҳонаш баъди интизории тӯлонӣ тасмимро иваз карда, аз идомаи сафар даст кашиданд.

Абдулазиз Раҷабов дар гузашта муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд ва чанд сол боз бознишаста ё нафақахӯр аст. Вай дар посух ба ин суол, ки пули сафарҳояшро аз куҷо пайдо мекунад, гуфт, “ҳамаи маблағ аз пасандозҳои худам ҳастанд. Дар роҳ дар меҳмонхонаҳо намехобем ва ҳамеша дар ҳаракат ҳастем. Дар баъзе ҷой мардум бароямон ғизо ва ҷойи хоб медиҳанд. Аммо бештари вақт зери осмони соф мехобем.”

Ӯ гуфт, ки дар маҷмуъ тақрибан ба 50 кишвари ҷаҳон сафар карда, ҳамеша барои таблиғи Тоҷикистон парчами кишварро бо худ бурдааст. Ӯ баъд аз онки пиёда ба зиёрати Каъба рафт, тахаллуси "Ҳоҷӣ пиёда"-ро гирифт.

XS
SM
MD
LG