Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон: Чин бояд ба Кореяи Шимолӣ фишор орад


Вазири хориҷаи Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки озмоиши мушаки байниқоравии баллистикие, ки ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ анҷом шуд, амали “беандеша” ва ғайриқонунӣ буд ва ҷаҳониён бояд дар муқобили ин амалҳои Пхенян муттаҳид шаванд. Дар як мусоҳибааш бо шабакаи BBC рӯзи 6 июл Ҷонсон гуфт, ки Чин бояд дар муқобили Кореяи Шимолӣ иқдоми иловагӣ рӯи даст бигирад.

“Коре, ки Кореяи Шимолӣ мекунад, беандеша, нобахшиданӣ ва пеши по задани қатъномаҳои СММ аст”, гуфт Борис Ҷонсон дар остонаи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20-гона, ки қарор аст 7 ва 8 июл дар Ҳамбурги Олмон баргузор шавад. Ин изҳорот чанд соат баъди суханронии сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ садо дод, ки гуфтааст, агар зарур шуд, “ИМА нирӯҳои мусаллаҳи қобили мулоҳизаи худро алайҳи Кореяи Шимолӣ ба кор мебарад”.

Сафири Амрико дар ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ рӯзи 5 июл гуфт, ки ИМА омода аст тамоми имкониятҳояшро барои ҳимояти худ ва муттафиқонаш ба кор барад. Ҳейлӣ гуфт, ки агар зарур шуд, Амрико омода аст нирӯҳои қобили мулоҳизаашро ба кор андозад, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, Вашингтон “моил нест, ки аз ин самт ҳаракат кунад”. Русия ва Чин амалҳои Кореяи Шимолиро интиқод карданд ва гуфтанд, ки мухолифи таҳримҳои бештари баъдӣ ваё истифодаи нирӯ алайҳи Пхенян мебошанд.

XS
SM
MD
LG