Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро ҳавои гарму хушк фаро гирифт


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз гармои шадид дар панҷ рӯзи оянда ҳушдор медиҳад. Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 6 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи иттилои ҳавошиносон, чунин гармо дар ин фасли сол маъмулӣ дониста мешавад ва болоравии ҳарорати ҳаво ба воридшавии ҳавои гарм аз кишварҳои арабӣ ва Эрон, марбут аст. Ба гуфтаи вай, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар бештаре аз қаламрави Тоҷикистон ба 43 дараҷа гармӣ хоҳад расид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки зимни сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро баланд шудани ҳарорати ҳаво маъмулан ба обшавии барфу пиряхҳо сабаб мешавад, дар натиҷа оби рӯдхонаҳо меафзояд ва эҳтимол меравад дар баъзе манотиқ муҷиби омадани сел ва сангрезиш ҳам шавад.

Ин кумита ба сокинон машварат додааст, ки “талош кунед зери шуъои офтоб камтар бошед ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед. Бештар об истеъмол кунед. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пиронсолон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд”.

Зимнан, тибқи иттилои расида, рӯзи гузашта дар Теҳрон, пойтахти Эрон гармии ҳаво то ба 48 дараҷа расидааст.

XS
SM
MD
LG