Пайвандҳои дастрасӣ

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин рӯзи душанбеи 3-юми июл вориди Маскав шуд. Ба гузориши хабаргузориои русӣ, дар дидорҳои ӯ ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар ва масъалаи озмоиши мушакӣ ва ҳастаии Кореяи шимолӣ меҳвари музокиротро ташкил медиҳад.

Ин музокирот дар остонаи нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар Олмон сурат мегирад ва баробар аст бо озмоиши нахунстин мушаки қорапаймои Кореяи Шимолӣ. Ба гузориши хабаргузории давлатии Чин, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки муштаракан талош кунанд масъалаҳои нимҷазираи Корея аз роҳи гуфтугӯ ва музокира ҳаллу фасл шавад. Президентҳои Чин ва Русия пас аз ин дидор, барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 20, раҳсипори Ҳамбург мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG