Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз мухолифони ҳукумати Русия тарки кишвар кард


Вячеслав Мальцев, яке аз мухолифони ҳукумати Русия тарки кишвар кардааст. Дар ин бора телевизиони "Дождь" бо такяи ба сухангӯи ҳаракати “"Русский марш" Денис Романов хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ҷаноби Мальцев ба сабаби он, ки дар Русия алайҳи ӯ ба иттиҳоми “таъсиси созмони ифротгаро”, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, тарки кишвар кардааст. Денис Романов нагуфтааст, ки ин намояндаи мухолифони ҳукумати Русия ҳамакнун дар куҷо будубош дорад. Аммо ӯ танҳо гуфт, ки қарор буд Вячеслава Мальцев ба Молдова биравад.

Мақомоти интизомии Русия дар мавриди боз шудани парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати Вячеслав Мальцев бехабарӣ карданд. Барои бори ахир ин намояндаи мухолифон рӯзи 12-уми июн дар эътирозҳои зиддикоррупсионӣ, боздошт шуда буд. Қабл аз ин, дар моҳи май пулис тарафдорони ӯро боздошт ва хонаи ӯро кофтуков карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG