Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин бахши зоирон миёнаҳои август ба Арабистони Саудӣ меравад


Нахустин гурӯҳи зойирони тоҷик барои анҷоми маросими Ҳаҷҷ нимаи моҳи август ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 6200 нафар аз сокинони Тоҷикистон аз ҳаққи анҷоми маросими Ҳаҷҷ дар соли ҷорӣ бархурдор мешаванд. "Парвозҳо ба Арабистони Саудӣ асосан тавассути ду ширкати ҳавоӣ - "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ва як ширкати ҳавоии Арабистони Саудӣ анҷом мегиранд. Ширкати "Тоҷик Эйр" низ бояд ба интиқоли зойирон машғул шавад, аммо ин мавзӯъ ҳанӯз ҳалли комили худро наёфтааст", гуфт Афшини Муқим.

Ба иттилои ин манбаъ, маросими адои Ҳаҷҷ дар маҷмӯъ 28-30 рӯз идома мекунад ва зойирин бо ҷойи хоб дар меҳмонхонаҳо, ғизо, тарҷумон ва хадамоти беҳдоштӣ таъмин мешаванд. Маблағи сафари ҳар як зойири тоҷик дар соли ҷорӣ ба Арабистони Саудӣ беш аз 32 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Тибқи тағйироти муқаррароти сафари Ҳаҷҷ аз Тоҷикистон дар соли гузашта, имсол низ танҳо нафарони беш аз 40-сола метавонанд ба зиёрати муқаддасоти Ислом сафар кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG