Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 соли ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд: аз ҳамкориҳои иқтисодӣ то низомӣ


Тоҷикистону Ҳинд манфиатдори тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни ин ду кишвар ҳастанд. Ин нукта рӯзи 4 июл дар Душанбе дар нишасте ба муносибати 25-солагии барқарории равобити дипломатии миёни ду кишвар таъкид шуд, ки аз ҷониби сафорати Ҳинд дар Душанбе ва Пажӯҳишгоҳи масоили Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо баргузор гардид. Аз нигоҳи ҳарду ҷониб, мизони ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар чандон кофӣ нест. Тоҷикистон соли гузашта ба Ҳиндустон ба маблағи 20 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз он кишвар дар ҳаҷми 21 миллион доллар мавод ворид кардааст. Ҳарчанд ин нишондод назар ба арзёбиҳои соли 2015 ба маротиб бештар аст, аз назари коршиносон чандон кофӣ нест.

Сомнатаҳ Гҳош, сафири Ҳинд дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар Тоҷикистон як корхонаи тавлиди доруворӣ, коркарди пашм ва меваи хушк сохта, дар бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ ва нерӯгоҳи “Варзоб-1” сармоягузорӣ кардааст. Сохта ба истифода дода шудани як бемористони низомӣ дар Қӯрғонтеппа ҳам аз ҷониби Ҳинд як намунаи дигари ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои дипломати баландпояи Ҳинд, дар соли ҷорӣ як гурӯҳи низомиёни тоҷик бо ҳадафи такмили маҳораташон дар амри мубориза бо терроризм барои таҳсил ба ин кишвар сафарбар шуданд. Сомнатаҳ Гҳош гуфт, дар тӯли 25 соли ахир 1250 мутахассиси тоҷик дар Ҳиндустон бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Нишасти Душанбе як моҳ баъди ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шудани Ҳинд ва Покистон сурат гирифт, ки Тоҷикистон аз оғоз як узви ин созмони сиёсии минтақавии зери назари Русия мебошад. Ин ду кишвари ҳамсоя бо ҳам дар бисёр масоили сиёсӣ вориди ихтилоф ҳастанд, қаламравҳои даъвоии мисли Кашмир ва ҳамлаҳои террористии марзӣ дар меҳвари ин мушкилот қарор дорад. Дар остонаи ба узвияти СҲШ ҳарду кишвар гуфтанд, ки барои ҳалли ихтилофҳои сиёсии худ талош мекунанд. Рӯзи 4 июл сафири Ҳинд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "Ихтилофоти миёни Ҳиндустон ва Покистон масоили дохилии миёни ин ду кишвар аст. Мо аллакай дар ин замина бо Покистон як созишнома низ имзо кардаем ва минбаъд ҳамаи мушкилот дар ҷараёни музокирот ҳалл карда мешаванд".

Нишасти Душанбе рӯзе пеш аз сафари расмии нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба Душанбе ва ҳамоиши кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG