Пайвандҳои дастрасӣ

180 соат кори маҷбурӣ барои бардоштани парчами ДИИШ дар Косово


Парчами гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"

Додгоҳи Косово як шаҳрванди Албанияро барои баланд кардани парчами ДИИШ дар чорроҳаи Приштина, ба 180 соат кори маҷбурӣ маҳкум кард.

Ин мард, ки дар санадҳои додгоҳӣ Қ.М. муаррифӣ шудааст, моҳи сентябри соли гузашта бо ду шарики наврасаш парчами ДИИШ-ро дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Косово баланд кард.

Додгоҳ ин амалро баробар ба "даъвати дигарон ба Сурияву Ироқ ва ҳамоиш бо террористҳо" шумурд.

Гуфта мешавад, ки ҳудуди 300 нафар, аксаран дар байни солҳои 2013-2014, аз Косово ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" гаравиданд.

Мақомоти Приштина мегӯянд, ки беш аз 100 нафар, ки ба ду кишвари номбурда сафар карда буданд, баъдан ба Косово баргаштанд.

Ба гуфтаи мақомот ҳудуди 70 нафар ҳанӯз ҳам дар Сурияву Ироқ аз ҷангиёни фаъоли ин гурӯҳи тунрдрав ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG