Пайвандҳои дастрасӣ

Акси Башор Асад дар пулҳои нави Сурия


Акси Башор Асад дао эскиносҳои нави Сурия - 2 июли соли 2017

Акси президенти Сурия Башор Асад бори аввал дар эскиноси 2000 лир (муодили тақрибан 3,9 доллари ИМА) нақш ёфт. Ин пул 2 июл муаррифӣ шуд. Раиси бонки миллии Сурия Дурайд Дургам гуфт, пули 2000 лира як сол пеш нашр шуда буд, аммо "аз сабаби низоъҳои мусаллаҳона ва пасту баландшавии қурби асъор" ба муомилот надаромад.

Қаблан дар пулҳои миллии Сурия маконҳои таърихӣ ва сурати падари Башор Асад, роҳбари пешини Сурия Ҳофиз Асад, ки соли 2000-ум вафот кард, нашр шуда буд.

Пули миллии Сурия дар шаш соли ҷанги шаҳрвандӣ ба таври бесобиқа беқурб шуд. То нашри пули нав калонтарин пули миллии Сурия 1000 лира буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG