Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ аз "Заноза" ҷуброни "хисороти маънавӣ"-и Отамбоевро талаб кард


Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бишкек даъвои дигари додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубоеваро, дар заминаи ҳимоят аз шарафу эътибори президент Алмосбек Отамбоевро алайҳи сомонаи "Zanoza.kg" ва ҳаммуассиси он Норин Аюб қонеъ кард. Расона ва ҳаммуассисаш вазифадор шуданд, ки ба президент 3 миллион сом (муодили 300 ҳазор сомонӣ) пардохт кунанд.

Дар додгоҳ ду матлаби Норин Аюб дар бораи фасодкории раиси ҷумҳур баррасӣ мешуд, ки ҳар дуи онҳо дар сомонаи "Zanoza.kg" нашр шуд. Додситони кулли Қирғизистон иддао дорад, ки далелҳои овардаи муаллиф ҳақиқат надоранд ва ба обурӯи президент латма мезананд.

Додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек баъди қонеъ кардани даъвои Ҷолдубоева, амр кард, ки расона дар панҷ рӯзи оянда ба мақолаҳои мавриди баррасӣ раддия чоп кунад. Ҳамчунин аз муаллиф ва муассиси "Zanoza.kg" -- бунёди “Promedia” 3 миллион сомӣ ситонида мешавад.

Додгоҳ 30 июни соли равон низ як даъвои ҳимоят аз шарафи Отамбоев, бар зидди раҳбари бунёди ҷамъиятии "Адолат" Чолпон Ҷакупова, рӯзноманигор Норин Аюб, сармуҳаррири нашрияи “Заноза” Дина Маслова ва бунёди “Промедиа” қонеъ карда буд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ба нафъи президент аз Чолпон Ҷакупова, Норин Аюб, Дина Маслова ва бунёди “Промедиа” 3 миллион сомӣ ҷуброн ситонида шавад. Ҷониби айбдоршаванда, аз қарори додгоҳ розӣ нест ва мегӯяд, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG