Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои матбуотии мақомот ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад


Аз 10 июл то 4 августи имсол вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ дар нишастҳои матбуотӣ дар баробари хабарнигорон аз фаъолияти шашмоҳаашон дар соли 2017 гузориш медиҳанд. Ҳанӯз нақшаи ин нишастҳо, ки қарор аст аз ҷониби АМИТ «Ховар» барномарезӣ ва дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд, нашр нашудааст.

Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотиро дастгоҳи иҷроияи президент тасдиқ мекунад. Муқаррароти ташкили нишастҳои матбуотӣ соле ду маротиба бо як амри президент сентябри соли 2011 ҷорӣ шуд.

Хабарнигорони мустақил мегӯянд, баъдӣ роҳандозӣ шудани ин қоида, аксар сохторҳои давлатӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон дар масоили муҳими рӯз худдорӣ мекунанд ва бисёр расонаҳои мустақил ин фурсатро барои матраҳ кардани масоили доғ истифода мекунанд. Ҳарчанд соле ду бор ба мулоқот бо журналистон омода шудани сохторҳои давлатӣ аз назари матбуоти мустақил кофӣ нест.

Даври аввали нишастҳои матбуотӣ дар соли ҷорӣ моҳҳои январу феврал баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG