Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он бояд 4.5 ҳазор биноҳои даврони шӯравӣ дар Маскав аз байн бурда шаванд.
Бар асоси барномаи навсозии Маскав дар маҷмӯъ даҳҳо ҳазор аз сокинони биноҳои қадимаи замони “Хрушёв” бояд ба хонаҳои нав кӯч дода шаванд.
Барои тарҳи мазкур 3 триллион рубл лозим будааст. Қарори ҳукумат барои вайрон кардани хонаҳои қадима, сабаби норизоиятии бахше аз мардум шуд, ки чандин бор эътироз ҳам кардаанд.