Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садама дар Тотористон 14 нафар ҷон доданд


Ончӣ ки аз автобуси мусофирбар мондааст.
Ончӣ ки аз автобуси мусофирбар мондааст.

Дар натиҷаи бархӯрди як автобуси мусофирбар ва мошини боркаше дар Ҷумҳурии Тотористони Русия камаш 14 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти пулис ҳодиса бомдоди 2-уми июл ба вуқӯъ пайвастааст.

Вазорати беҳдошти Тотористон гуфт, ки дар натиҷаи садама, 15 нафар захм бардоштаанд ва вазъи сиҳатии 4 нафар бад аст. Мақомот барои таҳқиқи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Автобуси мусофирбар, ки аз шаҳри Самара ба Ижевск мерафтааст, баъди бархӯрд бо мошини боркаш чаппа шудааст ва ҳарду мошин оташ гирифтаанд. Рустам Минихонов, раиси ҷумҳури Тотористон рӯзи 2-уми июлро рӯзи мотам эълон кард. Ронандаи автобус зинда мондааст ва ӯро барои бозпурсӣ ба идораи пулис бурдаанд.

XS
SM
MD
LG