Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодбек Назарбеков раиси як шабакаи телевизионӣ таъин шуд


Озодбек Назарбеков
Озодбек Назарбеков

Озодбек Назарбеков, овозхони маъруфи узбак, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад, мудири кулли телевизиони “Ёшлар” (Ҷавонон)-и он кишвар таъин шуд. Бино ба хабари бахши узбакии Радиои Озодӣ, таъини Озодбекро ба ин мақом рӯзи 30-юми июн раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев эълон кард.

Оқои Мирзиёев пеш аз онки мақоми нави Озодбек Назарбековро бигӯяд, аз кори, ба қавли ӯ, номуваффақона ё кунди раҳбарияти пешини шабакаи “Ёшлар” танқид кардааст. Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфтааст, овозхони маъруф маҳз ҳамон одамест, ки метавонад ба ҷавонон таъсир дошта бошад.

Озодбек Назарбекови 43-сола зодаи ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон аст. Ӯ Доникшадаи давлатии ҳунарҳои Узбакистонро хатм карда, дар солҳои навадум як муддат дар зиндон будааст. Аз соли 2002 овозхони Иттиҳодияи эстрадии “Узбекнаво”-ст.

Ин овозхон дар ҳоле раҳбари як шабакаи телевизионӣ шуд, ки дар оғози моҳи июни имсол расман мухолифи ҳунарнамоии бепули сарояндаҳо дар маъракаи ниҳодҳои давлатӣ шуд. Ин изҳороти Озодбек Назарбеков баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по карда буд.

XS
SM
MD
LG