Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди сафири ИМА дар СММ дар робита бо Эрон


Сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ дар як суханронии шадидлаҳне дар Шӯрои амният гуфт, ки ин ниҳод натавонист нисбати Эрон иқдом кунад. Ин кишвар, ба бовари дипломати амрикоӣ, “батакрор ва махсус” таҳримҳои ҷоришуда аз ҷониби ин сохторро нақз мекунад.

Вай гуфт: “Шӯрои амният кори ҳадди аққале ҳам дар амри вокуниш ба ин қонуншиканиҳо анҷом надод”. Вай гуфт, “ба Эрон нишон бояд дод, ки мо чунин пешпозаниҳои дағалонаи қатъномаҳои СММ-ро таҳаммул намекунем”.

Аксари таҳримҳои СММ 18 моҳи пеш баъди як созиш бо Эрон дар сари барномаи ҳастаӣ бекор шуд. Вале таҳрими марбут ба аслиҳаи Эрон ҳамоно побарҷост ва ин бахш ҷудо аз созишҳои ҳастаӣ мебошад.

Ҷефрӣ Фелтман, як таҳлилгари масоили сиёсии СММ ба дабири кулли СММ Антонио Гутерреш гузориши сеюми марбут ба иҷрои таҳримҳои боқимонда нисбати Эронро таслим кард.

Фелтман, аз ҷумла, гуфт:

"Баъди санҷидани силоҳҳо ва таҳлили маълумоте, ки ба дасти дабири кулл расидааст, итминон ҳосил шудааст, ки силоҳҳои мусодирашуда сохти эронӣ буда аз ҷониби Эрон интиқол ёфтаанд”.

Ҳейлӣ гуфт, аз ин гузориш бармеояд, ки Эрон қатъномаи 2231-и Шӯрои амниятро нақз кардааст ва “савол ин аст, ки ҳоло Шӯрои амният бо ин кишвар чӣ хоҳад кард?”.

XS
SM
MD
LG