Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани рус дар Тоҷикистон ба  қочоқи осори таърихӣ муттаҳам мешавад


Тангаи миссини таърихӣ. Акс аз сомонаи Хадамоти гумрук
Тангаи миссини таърихӣ. Акс аз сомонаи Хадамоти гумрук

Хадамоти гумрук ба шаҳрванди Русия иҷоза надод, ки тангаи таърихии миссинро аз Тоҷикистон берун кунад.

Зоҳиран ин танга дар замони Русияи подшоҳӣ дар соли 1823 истеҳсол шудааст ва арзиши таърихӣ дорад.

Дафтари матбуотии Хадамоти гумрук рӯзи 30 июн хабар дод, ки ин танга аз дохили бағочи Хужина Татяна Варисовна, ки аз Душанбе ба Маскав тасмими парвоз дошт, пайдо гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, “дар ду тарафи тангаи миссин навиштаҷотҳои «копьи ки. Е. М.» ва «1823г.» сабт буд, ки тибқи хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати хуб қарор дошта, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад”.

Бар асоси хулосаи Вазорати фарҳанги кишвар берун кардани чунин тангаи таърихӣ аз ҳудуди Тоҷикистон манъ будааст. Нисбат ба ин шаҳрванди Русия барои ғайриқонунӣ берун кардани тангаи таърихӣ бар асоси Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар чанд соли ахир Тоҷикистон талош дорад, то аз берун кардани осорҳои таърихӣ аз кишвар пешгирӣ кунад. Коршиносон мегӯянд, замони ҷанги шаҳрвандӣ бо истифода аз нооромиҳои дохилӣ даҳҳо бозёфтҳои бостонӣ аз кишвар ба берун шудааст. Замони шӯравӣ низ бозёфтҳои нодири Тоҷикистон ба эрмитажи Санкт-Петербург интиқол меёфт. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Тоҷикистон то ҳанӯз ба бозгардонии осорҳои таърихии худ аз осорхонаҳои Русия муввафақ нашудааст.

XS
SM
MD
LG