Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аммаву хола ҳисоб не... Дастури манъи сафарҳо ба ИМА амалӣ мешавад


Матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки шурӯъ аз 29 июн мусофирони шаш кишвари асосан мусалмоннишин метавонанд танҳо дар сурати доштани волидон ваё бародари хуниашон дар ИМА вориди ин кишвар шаванд, вале хешутабори дигари мисли модаркалон ё аммаву хола ба ҳисоб гирифта намешавад.

Ин дастур, ки рӯзи 28 июн содир шуд, дар паи қарори Додгоҳи олии ИМА аз ҳафтаи ҷорӣ қабул шуд, ки вуруди муваққатии шаҳрвандони шаш кишвари Ховари Миёна ва Африқои Шимолиро ба ИМА манъ мекунад. Ин шаҳрвандон танҳо дар сурати доштани хешу табори амрикоӣ ваё иртиботи корӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ба ИМА роҳ дода мешаванд. Оҷонсиҳои Reuters ва AP бо такя ба шабакаҳои дипломатии Департаменти давлатӣ навиштанд, ки "хешу табори наздик"-ро волидон, ҳамсарон, фарзандон, писару духтарҳо, домоду арӯсҳо ва ба фарзандӣ хондашудаҳо ташкил медиҳанд.

Модаркалону набераҳо, аммаву амакҳо, хоҳару додарзодаҳо, додарарӯсу хоҳарарӯсҳо ва хешу “табори дигари дур” наметавонанд ба категорияи аъзои оила шомил шаванд. Ин маҳдудият марбут ба шаҳрвандони Эрон, Сурия, Яман, Судон, Сомалӣ ва Либия мебошад, ки дар давоми 90 рӯзи баъдӣ барои гирифтани визаи ИМА ариза медиҳанд. Ҳама гуна иртибот бо созмонҳои амрикоӣ “бояд расмӣ ва бо санад тасдиқшуда” бошад.

XS
SM
MD
LG