Пайвандҳои дастрасӣ

Хазинадори Ватикан ба хушунати ҷинсии кӯдакон айбдор мешавад


Ватикан - Поп Франсис бо Кардиналҳо

Пулиси Австралия кардинал Ҷорҷ Пеллро, ки хазинадори Ватикан аст, дар муносибатҳои ғайриахлоқӣ бо ноболиғон айбдор мекунад. Пулис рӯзи 28 июн гуфт, ки сухан дар бораи амалҳое меравад, ки Пелл дар гузашта батакрор содир кардааст.

Кардинал, ки ҳоло дар Рим зиндагӣ дорад, бояд 18 июл дар додгоҳи Мелбурн ҳозир шавад. Руҳонии 76-сола ин айбҳоро комилан рад мекунад ва ният дорад, номи некашро дар додгоҳ ҳимоя кунад. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Дар Австралия комиссияи махсус хушунати ҷинсӣ нисбати кӯдакон ва нақши калисои католикиро дар пӯшида нигаҳ доштани хушунатҳо таҳқиқ мекунад. Таҳқиқи мазкур ба вижа ба руҳонӣ Ҷералд Рисдейл рабт мегирад, ки бино бар иттилои тафтишот, дар ҷинояти ҷинсӣ нисбати 130 кӯдак даст дорад. Ин ҷиноятҳо дар солҳои 1960-1980 содир шудаанд. Ҷорҷ Пелл замоне ҳамроҳ бо Рисдейл дар як манзил зиндагӣ мекард ва комиссия аз эҳтимол дур намедонад, ки ӯ аз ин ҷиноятҳо огоҳ буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG