Тими математикҳои ҷавони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 21-ум оид ба риёзиёти Балкан миёни 19 кишвар мақоми 9-умро касб карданд. Сабқат рӯзҳои 24 то 29 июн дар шаҳри Варнаи Булғористон ҷараён гирифт. Натиҷаи математикҳои Тоҷикистон, ки тавонистанд ба даҳгонаи беҳтаринҳо ворид шаванд, хеле баланд арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон дар ин сабқат тавонист аз рақибонаш аз Филиппин, Юнон, Озарбойҷон, Қибрис, Македония, Черногория пеш гузарад. Дар ҳайати тими риёзидонҳои тоҷик шогирдони литсей-интернати “Ҳотам ПВ” - Фаридун Дилшодов (нишони нуқра), Бахтовари Ҳотамӣ (биринҷӣ) ва хонандагони литсеи кӯдакони болаёқати № 1 Раҳмонҷон Собиров (нуқра) ва Муҳаммад Қличев (биринҷӣ) шомил ҳастанд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 29 июн Тӯйчӣ Рашидов, муовини раиси литсей-интернати "Ҳотам ПВ" хабар дод.
Моҳи январи соли ҷорӣ толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутников, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби 2 медали нуқра ва 5 медали бирирнҷӣ гаштанд. Дар ин олимпиадаи илмӣ намояндагони зиёда аз 23 кишвари дунё аз фанҳои математика, физика ва информатика миёни ҳам рақобат карданд. Дар ин озмун Тоҷикистонро шогирдони Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” ва Литсейи барои хонандагони болаёқат, намояндагӣ карданд.