Пайвандҳои дастрасӣ

Вируси нав компютерҳои зиёдеро дар саросари ҷаҳон олуда кардааст


Вируси наве дар саросари ҷаҳон компютерҳои зиёдеро олуда кардааст ва дар ин миён аз ҳама бештар ширкатҳои украинӣ осеб дидаанд. Ҳамлаи вирусӣ рӯзи 27-уми июн шурӯъ шуд ва аввал шабакаҳои давлатии ҳукумат, бонк ва ҳатто нерӯгоҳи Чернобил олуда шуданд. Баъдан вирус дар компютерҳои дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ширкатҳои байналмилалӣ паҳн шуд. Дар сурати олуда шудан, компютери шумо ях мекунад ва ихтиёри он ба дасти рахнагарони интернетӣ меафтад.

“Чунин ба назар мерасад, ки вирус ба вируси ВоннаКрай монанд аст. Вале барои паҳн шудани вирус шарт нест, ки шумо номае, ё саҳифаеро клик кунед ва компютератон олуда шавад. Инҷо системаи автоматие аст, ки вирусро паҳн мекунад. Ду механизми эҳтимолии паҳн шудани вирус аст, ки онро бисёр зуд паҳн мекунанд. “

Онҳое, ки вирусро паҳн мекунанд, ихтиёри шабака ва ё компютери корбару ширкатеро ба даст мегиранд ва мехоҳанд, ки ба онҳо пули маҷозии Биткойн бипардозанд. Рӯзи 28-уми июн вирус кори чандин ширкат дар қораи Осиё ва Аврупоро суст кард. Ҳамлаи нави вирусӣ як моҳ баъд аз ҳамлаи вирусии Вона Край сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон ҳам копмютери зиёдеро олуда кард. Ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҳифзи шабакаҳои худ аз вирус, чораҳои заруриро меандешанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG