Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Гаага дар ҳодисаҳои Сребренитса Ҳолландро қисман гунаҳгор номид


Гепке-Дулек Шермерс, додраси додгоҳи низомӣ (дар мобайн) сарбозони ҳолландиро қисман гунаҳгор номид

Додгоҳи таҷдиди назар дар Ҳолланд гуфт, ки дар куштори тақрибан 300 мусалмони босниягӣ дар ҳодисаҳои қатли оми Сребренитса соли 1995 қисман ҳукумат ҳам айбдор аст. Додгоҳи таҷдиди назар дар Гаага ҳукми додгоҳи мулкии ин шаҳрро аз соли 2014 пуштибонӣ кард, ки ҳукумати Ҳолландро қисман гунаҳгори рӯй додани фоҷеаҳои 22 соли пеш номид.

Додгоҳ он замон гуфт, ки июли соли 1995 сарбозони ҳолландии нирӯҳои посдори сулҳи СММ дар рустои Поточари 300 мусалмони дар пойгоҳи низомии онҳо паноҳёфтаро дар қатори фирориҳои дигар аз ҳудуди пойгоҳ берун карданд. Ин фирориҳо бахше аз 7 ҳазор мардону писарбачаҳои мусалмон буданд, ки аз ҷониби артиши сербҳои босниягӣ кушта шуданд.

Гепке-Дулек Шермерс, додраси додгоҳи низомӣ дар хулосаҳои худ рӯзи 27 июн гуфт:

“Бар пояи шоҳидии бисёриҳо, додгоҳ ба хулосае омад, ки то соати 11-и шаби 12 июли соли 1995, яъне баъди рӯзи аввали интиқоли мардум, сарбозони ҳолландӣ хабар доштанд мардон на танҳо барои иштирокашон дар ҷангҳо муҷозот мешаванд, балки инчунин бо хатари воқеии шиканҷа ё қатл рӯбарӯ мешаванд”.

Қабристони деҳаи Поточари
Қабристони деҳаи Поточари

Соли 2007 трибунали байналмилалии Гаага оид ба Югославияи собиқ ин ҳодисаро ҳамчун наслкушӣ баҳогузорӣ кард. Аз рӯи ҳамин иттиҳом ҳоло Ратко Младич, раҳбари собиқи сербҳои босниягиро ҳам муҳокима мекунанд. Интизор меравад, ки то охири соли 2017 ҳукми Младич содир шавад. Куштори ҷамъии Сребренитса ҷинояти азиме дар Аврупо баъди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG