Раиси ситоди муштараки ИМА бо як сафари ғаримунтазира ба Кобул, пойтахти Афғонистон рафт. Генерал Ҷозеф Данфорд, қарор аст, давоми чанд рӯзи оянда бо мақомоти баландпояи Афғонистон ва ҳам раҳбарони эътилоф ва нирӯҳои ИМА дидору гуфтугӯ кунад.
Нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон моҳи декабри соли 2014 рисолати худро анҷом доданд ва баъди берун рафтани ин нирӯҳо вазъи амниятӣ дар Афғонистон бадтар шудааст.
Вале матбуоти амрикоӣ мегӯяд, вазири дифои ин кишвар Ҷеймс Маттис ният дорад, тахминан 3 то 5 ҳазор нирӯи навро ба Афғонистон сафарбар кунад, то ҳолати бунбасте, ки дар миёни нирӯҳои давлатӣ ва Толибон ба миён омадааст, аз байн бурда шавад. Феълан 8400 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ифои вазифа мекунанд.