Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров ва Тиллерсон дар бораи Сурия гуфтугӯ карданд


Сергей Лавров ва Рекс Тиллерсон

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ва Рекс Тиллерсон – котиби давлатии Амрико – дар як суҳбати телефонӣ вазъият дар Сурияро баррасӣ карданд. Суҳбат, ба гуфтаи тарафи Русия, бо ташаббуси Вашингтон сурат гирифтааст.

Лавров ва Тиллерсон роҳҳои ҳалли бӯҳрони Сурия ва ташдиди мубориза бо гурӯҳҳои ваҳшатафканро баҳс карданд.

Вазири умури хориҷии Русия аз Вашингтон даъват кард, ба «пешгирӣ аз иғвоҳои зидди нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки бо террористон меҷанганд», талош кунад. Мақомоти Амрико ҳанӯз дар бораи ин гуфтушунид изҳори назар накардаанд.

Ин дувумин гуфтугӯи намояндагони аршади ду кишвар дар як ҳафтаи ахир аст. Тамосҳои Лавров ва Тиллерсон дар пасманзари бадшавии муносибатҳои дуҷониба сурат мегиранд.

Ҷониби Русия ҳафтаи гузашта ба нишони эътироз аз таҳримҳои нави Амрико гуфтушуниди тарҳрезишудаи намояндагони баландпояи ду кишварро лағв намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG