Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар барномаҳо ба муносибати 20-уми солгарди Рӯзи Ваҳдат, ба шаҳри Ваҳдат дар 25-километрии шаҳри Душанбе, сафар кардааст. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон аз 20-солагии имзои созишномаи сулҳ, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав миёни ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифини тоҷик ба тасвиб расид, таҷлил ба амал меояд. Чорабинии асосӣ ба ин муносибат, имрӯз, сешанбеи 27-уми июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми июн дар оғози сафари худ ба Ваҳдат, бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ин шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Манбаъ мегӯяд, ки раиси ҷумҳур ҳамчунин дар ин шаҳр як бинои истиқоматиро, ки аз ҷониби ширкати "Комил-2010" бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дод. Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар инҷо дар тӯйи арӯсиву домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 нафар иштирок намудааст. Интизор меравад, ки раиси ҷумҳур давоми имрӯз дар ин шаҳр чандин иншоотҳои навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода ва бо фаъолону мақомоти ин шаҳр мулоқот намояд.

XS
SM
MD
LG