Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ду паноҳандаро пинҳонӣ ба Узбакистон истирдод кард


Ҳавопаймоҳои ширкати Turkish Airlines дар фурӯдгоҳи Отатурк

Тавре наздикони ду паноҳандаи узбак дар Истамбул хабар доданд, мақомоти Туркия рӯзи 22 июн паноҳандаҳоро пинҳонӣ ба Ӯзбекистон истирдод кардаанд. Эркин Авазови 38-сола ва Абдулло Эрматови 34-сола 2 моҳ пеш бо гумони узвият дар гуруҳҳои тундгаро

Истирдодшудаҳо моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Пендики Истамбул боздошт шуданд. Мақомоти Узбакистон боздоштшудаҳоро дар пайгард қарор дода буд. Туркия онҳоро дар асоси дархости мақомоти узбак аз Туркия истирдод кард.

Ҳамсари Эркин Авазов мегӯяд, шавҳраш бо гуруҳҳои тундгаро рабт надошт. "Пулис шавҳари маро бо айби надоштани ҳуҷҷат боздошт кард. Акнун ӯро пинҳонӣ ба Узбакистон фиристодааст", - мегӯяд ӯ.

Эркин Авазов соли 2014 ҳамроҳ бо зану фарзандонаш аз Русия ба Туркия омад. Дар бораи истирдодшудаи дувум иттилое дар даст нест.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG