Барои нахустин бор дар 20 соли охир, Кохи Сафед тасмим гирифт, ки аз оростани дастурхони идона ба ифтихори Иди Фитр худдорӣ кунад. Бар ивази ин, Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания бо пахши изҳороте рӯзи 24 июн “таманниёти гарми худро ба мусалмонон дар робита бо таҷлили Иди Фитр” пахш карданд. Дар ин табрикнома “аз аҳамияти арзишҳои мисли шафқат, бахшиши гуноҳҳо ва амалҳои хайр дар рӯзҳои ид” ёдоварӣ шудааст.
Раҳбари Кохи Сафед дар паём таъкид кардааст, ки “ИМА ӯҳдадориҳои худро ба хотири эҳтироми ин арзишҳо бо тамоми мусалмонони саросари дунё гиромӣ медорад”. Трамп, ки дар гузашта изҳороти зиддиисломиро ба забон овардааст, анъанаи ҳарсолаи ташкили зиёфати идонаро дар Кохи Сафед муроот накард.
Дар ин ҷашнҳо ҳамасола раҳбарони маъруфи ҷаҳони ислом, аъзои Конгресс ва дипломатҳои кишварҳои мусалмонӣ иштирок мекарданд.