Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини бензинкашӣ 123 нафарро дар Покистон кушт


 Риоят накардани қоидаҳои амниятӣ яке аз сабабҳои аслии сӯхтор дар Покистон ба ҳисоб меравад.
Риоят накардани қоидаҳои амниятӣ яке аз сабабҳои аслии сӯхтор дар Покистон ба ҳисоб меравад.

Маъмурони наҷотбахш мегӯянд, дар натиҷаи садамаи як мошини бензинкашӣ дар як шоҳроҳи Покистон 123 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳои хабаргузории Ассосиэйтед Пресс ва ГЕО ТВ, мошин зимни ҳаракат дар роҳ сарнагун шуда ва оташ гирифтааст.

Ба гуфтаи ГЕО ТВ, дар натиҷаи садама, ки дар ноҳияи Баҳовулпур сурат гирифт, 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. ГЕО ТВ аз қавли маъмурони наҷот гуфт, баъди садама мардум ҷамъ омада ва бензинеро, ки аз мошин мерехт мегирифтанд ва айни замон баъзеҳо сигор мекашиданд ва мумкин аст, ҳамин сабаби оташ гирифтани мошину фоҷиа шуда бошад.

XS
SM
MD
LG