Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин тақрибан 100 нафар зери хок монданд


Мақомоти Чин гуфтанд, ки дар натиҷаи лағзиши замин дар минтақаи Сичуани ин кишвар тақрибан сад нафар зери хок монданд.

Ҳодиса субҳи 24-уми июн рух дод. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 40 хона дар рустои Синмо низ дар зери хок мондааст.

Хатари лағзиши замин дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонии Чин, бахусус дар пайи боронгарии шадид, вуҷуд дорад.

Дар натиҷаи лағзиши замин дар моҳи январи имсол дар Чин дастикам 12 нафар ҷон бохтанд. Лағзиши замин дар моҳи октябри соли гузашта дар шарқи Чин низ ҳадди ақал ҷони 8 нафарро гирифта буд.

XS
SM
MD
LG