Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта ва захмӣ – паёмади таркишҳо дар Покистон


Саҳнаи инфиҷор дар Покистон. Рӯзи 23-юми июни соли 2017
Саҳнаи инфиҷор дар Покистон. Рӯзи 23-юми июни соли 2017

Гузоришҳо аз Покистон ҳокӣ аст, ки ду таркиш дар шаҳри Парачинор, воқеъ дар қисмати шимоли ғарби ин кишвар, дастикам даҳ нафарро ҳалок кард. Теъдоди захмиҳо беш аз 50 нафар гуфта мешавад.

Мақомот мегӯянд, инфиҷорҳои рӯзи 23-юми июн дар бозори пуриздиҳом замоне рух дод, ки мардум барои ифтори моҳи шарифи Рамазон маводи ғизоӣ мехариданд.

Субҳи ҷумъа, инчунин, як мошини бомбгузоришуда дар наздикии дафтари раиси пулиси вилояти Балуҷистон мунфаҷир шуда, ҳадди ақалл 13 нафарро кушта бар ҷой гузошт ва ҳудудан 20 нафарро захмӣ кард.

Ҷиноҳи Толибони Покистон, ки худро "Ҷамоат-ул- Аҳрор" муаррифӣ мекунад, масъулияти ҳамлаи Кветтаро бар дӯш гирифт. Панҷ нафар аз кушташудаҳо кормандони пулис буданд.

XS
SM
MD
LG