Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз намоишгоҳи Порис 73 ҳавопаймои Airbus мехарад


Ҳавопаймои ширкати "Осмон" дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон

Корхонаи аврупоии тавлидкунандаи ҳавопаймои Airbus рӯзи 22-юми июн гуфт, ки ду ширкати ҳавонавардии Эрон дар лаҳзаҳои охири муомилот дар Намоишгоҳи ҳавоии Порис, ба харидории 73 ҳавопаймо тааҳуд кард.

Ширкати ҳавонавардии дохилии Эрон – Загрос қарор кард, ки 20 ҳавопаймои Airbus A320 ва ҳашт ҳавопаймои навъи A330neo мехарад.

Airbus гуфт, ки созиш бояд ҳама тасвибҳои зарурӣ, бо шумули тасвиби бахши назорати дороиҳои хориҷӣ дар Вазорати молияи Амрикоро бигзарад. Мудири корхонаи Airbus Ҷон Лиҳӣ тасвиби ҷониби Амрикоро дар якчанд моҳи оянда интизор дорад.

Аз соли гузашта, аз замони лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дар ивази даст кашидани ин кишвар аз барномаҳои ҳастаӣ, Теҳрон беш аз 200 ҳавопаймо супориш додааст.

Ширкати IranAir ба корхонаи Airbus 100 ҳавопаймо ва аз Амрико 80 Boeing ва 20 ҳавопаймои Turboprops фармоиш дод, ки бинобар номуайянӣ дар таъмини молӣ банд мондаанд.

Boeing бо ширкати «Осмон»-и Эрон барои фурӯши 30 ҳавопаймои 737 MAX jets низ қарордод баст, ки ҳамчун ширкати хусусӣ фаъолият мекунад ва моликаш Бунёди хадамоти нафақа аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG