Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мехоҳад, ки Қирғизистон ва Қазоқистон ба Сурия нерӯ фиристанд


Сарбозони артиши Қирғизистон

Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Владимир Шаманов рӯзи 22 июн гуфт, ки Москва бо Қирғизистон ва Қазоқистон дар заминаи фиристодани нерӯҳои ин ду кишвар ба Сурия музокира мекунад.

"Ҳоло гуфтушунид бар сари ин масъала идома дорад, ки намояндагони пулиси ҳарбии Русия дар ҳалли мушкилоти ҳифзи тартибот дар Сурия ширкат кунанд. Пешниҳоди ширкати ҳамкорони мо дар Қазоқистон ва Қирғизистон дар доираи ҳамин музокирот баррасӣ мешавад", - гуфт Шаманов.

Рӯзномаи туркии «Ҳуррият» низ рӯзи 22 июн ба нақл аз Иброҳим Калин, намояндаи президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон, гуфт, Русия аз Қазоқистон ва Қирғизистон хостааст, ба Сурия нерӯ фиристанд. Ба гуфтаи ӯ, як тарҳи густардаи тақсими минтақаҳои масъулият ва шумори сарбозон дар Сурия омода мешавад.

Намояндаи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон гуфтааст, ки дар ин бора маълумот надорад. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ вуҷуди чунин гуфтушунидро рад кард. «Масъалаи таъмини амният дар чаҳор минтақаи амни Сурия ҳоло дар салоҳдиди кишварҳои тазминкунандаи раванди Остона аст, ки ин ва мавзӯъҳои дигарро дар даври навбатии гуфтушунид, 4-5 июл дар пойтахти Қазоқистон баррасӣ хоҳанд кард», - омадааст дар изҳороти идораи умури хориҷии Қазоқистон.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG