Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти RFE/RL иттиҳоми алайҳи "Қрим.Реалии"-ро рад кард


Президенти Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент

“Матлаби портали “Крыминформ”, ки дар он журналистони тарҳи бахши украинии Радиои Озодӣ ба хиёнати давлат муттаҳам мешаванд, таҷовуз ба амният ва ҳирфаияти хабарнигорон аст”, - гуфт Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Изҳороти Кент рӯзи 22-юми июн пахш шуд.

Ӯ гуфт, ки “Крым.Реалии” дастрасии сокинони Қрими ишғолшударо бо хабарҳои дақиқ таъмин мекунад ва аз усули арзишҳои демократӣ ва гуногунандешӣ кор мегирад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, бо шумули Амрико ва Русия ин арзишҳоро эътироф мекунанд.

Томас Кент гуфт, ки хабарнигорони мустақил дар қаламрави Қрим таҳти фишор қарор мегиранд.

Рӯзи гузашта вебсайти “Крыминформ”-и рӯ ба ҳукумати Русия матлаберо таҳти сарлавҳаи “Қимати ватанфурӯшӣ чанд аст?” нашр кард. Муаллифони ин гузориш тарҳи “Крым.Реалии”-ро ба “харобкорӣ” ва дахолат ба равандҳои сиёсии Русия муттаҳам карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG