Пайвандҳои дастрасӣ

Зуҳури шоҳзодаи валиаҳд ташаннуҷи Теҳрону Риёзро бештар кард


Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон бо вазири умури дохилии Саудӣ Муҳаммад бин Найиф

Бо зуҳури Муҳаммад бин Салмон, писари шоҳи Арабистони Саудӣ, ҳамчун шоҳзодаи валиаҳд, ташаннуҷи байни Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки муддатҳост идома дорад, боз ҳам афзунтар хоҳад шуд. Таҳлилгарон рӯзи 21-уми июн, баъди валиаҳд эълон шудани писари шоҳи Саудӣ, ҳамин назарро иброз доштанд.

Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон моҳи гузашта дар сӯҳбати телевизионӣ гуфт, хоҳишманди рушди равобит бо Теҳрон нест ва Эронро ба талоши «таҳти назорат гирифтани ҷаҳони Ислом ва густариши таълимоти шиа» муттаҳам кард.

«Мо медонем, ки ҳадафи аслии Эрон ҳастем», - гуфт шоҳзода ва афзуд, низоъ дар байни салтанати суннимазҳаби Саудӣ ва Эрони шиамазҳаб ногузир ба назар мерасад.

Изҳороти валиаҳди Саудӣ нигарониҳоеро ба бор овард ва ба оташи шубҳаву гумон, ки амалҳои ахири террористӣ дар Теҳронро Саудӣ ташкил кардааст, равған рехт.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 21-уми июн эълони Муҳаммад бин Салмонро ҳамчун шоҳзодаи валиаҳд «табаддулоти нарм» унвон кард. «Арабистони Саудӣ таҳти назорати ӯ сиёсати хашини хориҷиро дар Яман ва Қатар пиёда кард ва ӯ аз пахши изҳороти шадид алайҳи Эрон кор намекунад», - гуфт Оливер Ҷейкоб, намояндаи Petromatrix, як ширкати машваратии нафтӣ ба хабаргузории Reuters.

«Дар масъалаи низои Эрон бо Саудӣ калимаи «агар» матраҳ нест, масъала бештар ба «кай», яъне замони шурӯи шиддати авзоъ марбут мешавад», - мегӯяд Оливер Ҷейкоб.

Petromatrix мегӯяд, зуҳури Муҳаммад бин Салмон ҳамчун шоҳзодаи валиаҳд бо шубҳаву гумон, ки оё Саудӣ ва Эрон дар коҳиши тавлиди нафт забони муштарак меёбанд ё не, аз ҳоло нархи нафтро поён бурдааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG