Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал аз бадтар шудани авзои Афғонистон хабар дод


Нерӯҳои Афғонистон дар надикии Тора-Бора, моҳи июни соли 2017
Нерӯҳои Афғонистон дар надикии Тора-Бора, моҳи июни соли 2017

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Татамичӣ Ямомото мегӯяд, ки авзоъ дар ин кишвар “шадидан бесубот” шудааст.

Ямомото, ки ба Маъмурияти кумаки СММ дар Афғонистон раҳбарӣ мекунад, рӯзи 21-уми июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон гуфт, афзоиши ҳамлаҳои маргбор дар саросари ин кишвар аз марҳилаи шиканандаи пешорӯ гувоҳӣ медиҳад.

Созмони Милали Муттаҳид 6 ҳазору 252 ҳодисаи марбут ба амниятро аз 1 то 31-уми имсол сабт кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2 дар сад бештар аст. СММ манотиқи шимол ва ҷануби Афғонистонро аз минтақаҳои хатарбор унвон кардааст.

Ҳамзамон бо ин, Пентагон ҳушдор дод, ки Афғонистон ба афзоиши шӯришҳо мувоҷеҳ аст. “Мақомоти Афғонистон назорат бар Кобул, марказҳои бузурги аҳолинишин ва роҳҳои калидиро таҳти назорат доранд, аммо Толибон авзоъро дар маркази вилояту ноҳияҳо хароб ва роҳҳои коммуникатсиониро дар саросари кишвар муваққатан ишғол мекунад”, - омадааст дар ин гузориш.

Ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ин авохир як қатор ҳамлаҳоро дар саросари кишвар анҷом доданд, ки садҳо нафарро кушта ва захмӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG