Пайвандҳои дастрасӣ

BuzzFeed "изи Русия"-ро дар марги 14 нафар дар Британия пайдо кард


Логои сомонаи амрикоии BuzzFeed

Пизишки қонунии Британия, ки нишонаҳои маводи радиоактиви полонияро дар хуни Александр Литвиненко ошкор карда буд, кушта шудааст. Дар ин бора сомонаи амрикоии BuzzFeed рӯзи 18-уми июн бо такя ба манобеи истихбороти Амрико хабар дод.

Мэтю Панҷерро моҳи майи соли гузашта, баъди панҷ моҳи бозгашт аз Русия мурда пайдо карданд. Натиҷагирии пизишки қонунӣ ин аст, ки ин мард худкушӣ кардааст.

Панҷер дар хонааш аз захмҳои зиёди корд ва хунравӣ ҳалок шуд. Пизишкони колбадшикоф ё паталогоанатом, ки ҷасади ӯро боз карданд, мегӯянд, Панҷер "худаш бо корд ба баданаш зарба задааст."

BuzzFeed, инчунин, мегӯяд, ки дар солҳои раҳбарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хадамоти махсуси ин кишвар на камтар аз 14 нафарро дар Британия ба ҳалокат расонд. Якчанд қазия ба афсари собиқи Хадамоти федеролии амнияти Русия - ФСБ Александр Литвиненко рабт дорад. Яке аз онҳо дипломати Русия Игор Пономарев аст. Ӯ ду рӯз пеш аз заҳролудшавии Литвиненко фавтид. Ба гуфтаи BuzzFeed, Пономарев низ бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шуд.

BuzzFeed ҳамчунин аз журналисти нашрияи The Times-и Британия Даниэл МакГрори ёдовар шуд, ки дар фосилаи панҷ рӯз аз пахши филм дар бораи Литвиненко даргузашт. Тавре манобеи сомона мегӯянд, хадамоти махсуси Британия ба табиӣ будани марги журналист шубҳа доранд.

Литвиненко 10 сол дар КГБ-и Шӯравӣ ва баъдан дар Хадамоти федеролии амнияти Русия кор кард. Ӯ соли 2000 аз мунаққидони ҳукумат шуд ва бо нигаронӣ аз амнияташ ба Британия фирор кард. Александр Литвиненко моҳи ноябри соли 2006 бар асари заҳролудшавӣ аз маводи радиоактиви полония аз дунё даргузашт. Бо гузашти 10 сол додгоҳи Британия натиҷаи бозҷӯии марги Литвиненкоро эълон кард. Ба гуфтаи додгоҳ, қотили Литвиненко афсари пешни ФСБ Андрей Луговой аст, ки якҷоя бо соҳибкор Дмитрий Ковтун амал кардааст.

Бозҷӯии ҷамъиятӣ аз рӯи қазияи марги Литвиненко ба ин натиҷа расидааст, ки марги ӯ эҳтимол бо иҷозаи Путин сурат гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG