Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар марз бо Афғонистон девор месозад


Пулиси cайёҳии Покистон дар вилояти Хайбар-
Паштунхвоҳ
Пулиси cайёҳии Покистон дар вилояти Хайбар- Паштунхвоҳ

Покистон мегӯяд, ки ба зудӣ дар марзи 2400-километриаш бо Афғонистон девор ва монеаҳо хоҳад сохт, то қаламрави худро аз таҳдидҳои берунӣ эмин нигаҳ дорад.

Дар изҳороти ҳукумати Покистон, ки рӯзи 20-уми июн нашр шуд, омадааст, ки сохтмони тавораи симхордор минтақаҳое монанди Баҷоур, Муманд ва Хайбарро фаро хоҳад гирифт. Ин се минтақа гузаргоҳи асосии гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ ба шумор мераванд. Ҳамчунин дар ин манотиқ гузаргоҳҳои расмии марзӣ ва таҷҳизоти дидбонӣ устувор хоҳад гашт.

Ин дар ҳолест, ки ба фарқ аз Покистон Афғонистон хатти марзро байни ду кишвар расман эътироф намекунад. Байни ду ҳамсоя ҳамасола қабилаҳои кӯчӣ дар ҳаракатанд ва гоҳе ҳамроҳи онҳо дастаҳои мусаллаҳ низ аз як кишвар ба кишвари дигар ворид мешаванд.

XS
SM
MD
LG