Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозе Моуринио ба тақаллуби молиётӣ муттаҳам шуд


Мураббии аршади Челсӣ. Ҷумҳурии Чех, моҳи августи соли 2013
Мураббии аршади Челсӣ. Ҷумҳурии Чех, моҳи августи соли 2013

Испания мураббии Manchester United Ҷозе Моуриниоро ба тақаллуби молиётӣ ё андоз муттаҳам кард.

Додситонҳои Мадрид рӯзи 20-уми июн гуфтанд, ки Ҷозе Моуриниои португалитабор ҳангоми мураббигӣ бар тими Real Madrid Испанияро ба маблағи 3 миллиону 600 ҳазор доллар андоз фиреб кардааст. Додситонҳо мегӯянд, ки даъвои ин тақаллуб ба додгоҳи маҳаллӣ фиристода шуд.

Ба қавли онҳо, Ҷозе Моуринио дар Испания даромади воқеии худро дар ҳисоботи молиёти солҳои 2011-2012 нишон надод, то "фоидаи ғайриқонунӣ" ба даст биёрад.

Моуриниои 54-сола Real Madrid-ро ба хотири раҳбарии тими Chelsea соли 2013 тарк кард. Соли 2016 ӯ бо Manchester United қарордод баст.

Ҷозе Моуринио то ҳол ба ин иттиҳом, ки дар пасманзари калон шудани рӯйхати тақаллубҳои молиётии ситораҳои футбол дар Испания пахш мешавад, вокуниш накардааст.

Як тақаллуби молиётӣ ба ситораи Real Madrid Криштиано Роналдо рабт мегирад. Гуфта мешавад, ки ӯ дар заминаи гӯё напардохтани молиёт дар ҳаҷми 16,5 миллион доллар моҳи июн барои посух гуфтан ба ҳузури мақомот даъват шуд. Криштиано Роналдо иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG