Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 8 корманди амниятии афғон дар Багром


Мақомоти афғон мегӯянд, ки афроди мусаллаҳи номаълум ҳашт корманди амниятии ин кишварро дар вилояти Парвон куштанд. Бино ба гуфтаи фармондеҳи минтақаи Багром, ду тан низ дар ин ҳамла маҷрӯҳ шуданд. Шакур Қуддусӣ афзудааст, ки мошине, ки кормандони амниятии пойгоҳи Багромро интиқол медод, шоми рӯзи душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум қарор гирифт. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Пойгоҳи Багром бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон аст ва дар солҳои гузашта чанд бор ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG