Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори вазорати дифои Русия баъди суқути ҳавопаймои Сурия


Шаҳри Раққаи Сурия
Шаҳри Раққаи Сурия

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ҳаргуна абзори парвозкунандаро, ки қаламрави зери назорати ҳавопаймоҳояш дар Сурия мебинад, ҳадафе барои нобуд кардан арзёбӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои Русия рӯзи 19-уми июн хабар доданд. Баёнияи вазорати дифои Русия баъд аз он нашр шуд, ки Амрико рӯзи 18-уми июн як ҳавопаймои Сурияро дар шаҳри Раққа нобуд кард.

Вашингтон гуфт, ки ҳавопаймои Сурия дар назди Нерӯҳои Демократии Сурия бомб андохт, ки аз тарафи Амрико ҳимоят мешаванд. Димишқ гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми амалиёт ба зидди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ сарнагун карда шуд.

Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико гуфтанд, ки ҳавопаймои Сурия нерӯҳоеро ҳадаф гирифта буд, ки ба зидди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар шаҳри Сурия меҷангиданд. Нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико ҳоло шаҳри Раққа ягона такягоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурияро муҳосира кардаанд.

XS
SM
MD
LG