Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мей ҳамла дар назди масҷидро нафратангез номид


Тереза Мей ҳамла дар Лондонро маҳкум кард.
Тереза Мей ҳамла дар Лондонро маҳкум кард.

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё ҳамла дар наздикии масҷиде дар шаҳри Лондонро нафратангез номид ва гуфт, ки ҳадафи он нобуд кардани озодии ибодат аст.

Пештар аз ин дар рӯзи 19-уми июн як марде мошини боркаши хурдро ба рӯи мусофирон дар назди як ибодатгоҳ дар Лондон ронд ва 1 нафарро кушту 10 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Мақомот як марди 48-соларо дастгир карданд ва шоҳидон мегӯянд, ӯ барқасдона мошинро ба самти раҳгузарон равон кард. Ҳодиса шаби 19-уми июн ба вуқӯъ пайваст. Содиқхон, раиси шаҳри Лондон ин ҳодисаро маҳкум кард.

Вай гуфт: “Ҳамла дар пули Вестминстер, ҳамла дар пули Лондон, ҳамла дар Манчестер ва ҳамлаи шаби гузашта – ҳамаи инҳо ҳамла ба арзишҳои муштараки мо, озодӢ, таҳаммулпазирӣ, ва эҳтиром аст. Терроризм, терроризм аст. Сарфи назар аз он ки як нафар онро бо ривоятҳои исломӣ анҷом медиҳад ва ё аз ангезаҳои дигар ба истилоҳ илҳом гирифтааст. "

Мақомот мегӯянд, ҳамаи осебдидагон мусулмон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, таҳқиқ доранд, ки марде ки дар саҳнаи ҳодиса ҷон дод, дар натиҷаи ҳамла кушта шудааст, ё сабаби дигар.

XS
SM
MD
LG