Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сухтори Лондон то ҳол 79 нафар кушта ё гум шудааст


Сухтор дар бинои баландошёнаи Лондон
Сухтор дар бинои баландошёнаи Лондон

Пулис мегӯяд, ки теъдоди қурбониҳо ва гумшудаҳои сухтор дар Grenfell Tower - бинои 24- ошёнаи Лондон ба 79 нафар расид.

Фармондеҳи пулиси пойтахти Бритониё Стюарт Кунди маълумоти навро рӯзи 19-уми июн эълон кард. Рақами қаблӣ 58 нафар буд. Ӯ гуфт амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад ва эҳтимол теъдоди қурбониҳо аз ин ҳам бештар шавад.

Пулис дар заминаи сӯхтори рӯзи 14-уми июн парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Макони сухтор ва харобкориҳои оташ қобили тасвир нест"- гуфт Кунди ва афзӯд, ки ҷой доштани ягон амали ҷиноӣ дар ин оташсӯзӣ таҳқиқ мешавад.

Стюарт Кундӣ ҳафтаи гузашта эҳтимоли афзоиши теъдоди қурбониҳоро пешгӯӣ кард ва ҳамчунин гуфт "ин хатар низ вуҷуд дорад, ки мо натавонем ҳуввияти ҳамаи қурбониҳоро шиносоӣ кунем."

XS
SM
MD
LG