Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лондон микроавтобус ҷамъомадагони назди масҷидро пахш кард


Кормандони пулис ҷойи ҳодисаро масдуд карданд. 19 июни соли 2017
Кормандони пулис ҷойи ҳодисаро масдуд карданд. 19 июни соли 2017

Шаби 19 июн як микроавтобус тӯдаи роҳгузарҳоро дар минтақаи Финсбери Парк пахш кард, ки дар он асосан паноҳандагон мусалмон зиндагӣ мекунанд. Ҳодиса дар наздикии масҷид рух дод. Шоҳидон мегӯянд, ки ин амали барқасдона буд.

Ба маълумоти пулис як нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шуд.

Ҳамаи онҳо, ба гуфти Шӯрои мусалмонони Британия дар намози шоми моҳи шарифи Рамазон иштирок доштанд.

Ронандаи микроавтобус, ки раҳгузаронро ҳадаф қарор дод, мехост аз ҷойи ҳодиса ғайб занад.Аммо се сокини маҳаллӣ ӯро боздошт карданд ва ба пулис супурданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин як марди аврупоии миёнсол буд.

Нахуствазири Британия ҳодисаро "таҳаввулоти хатарнок" номид. Ба гуфтаи ӯ, пулис ҳамлаи террористӣ будани ин амалро соқит намекунад. Дар робита ба ҳодиса Тереза Мэй нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.

Рӯзи 3 июн як микроавтобуси дигар раҳгузаронро дар пули Лондон пахш кард ва се мусофир аз мошин берун омада, бо корд ба мардум ҳуҷум карданд. Ҳамлагаронро пулис дар ҷойи ҳодиса аз байн бурд. Дар ин ҳамла 7 нафар ҳалок шуд ва даҳҳо нафар осеби ҷисмонӣ диданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Масҷиди маҳаллаи Финсбери Парк соли 1994 ифтитоҳ шуд. Муфтии пешини ин масҷид Мустафо Камол Мустафоро Ийолоти Муттаҳида дар заминаи иттиҳоми терроризм ба зиндони якумрӣ маҳкум кард. Солҳои ахир бо назардошти табиати созандагии Ислом, дар ин масҷид маъвизаҳои таҳаммулпазирӣ анҷом медоданд.

XS
SM
MD
LG