Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати IRS -- масъули нигоҳубин ва пулчинӣ аз мошинҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ тасмим гирифтааст як плаза ё маркази пулчинии худ дар минтақаи “Майхура”-ро аз байн бубарад. Далери Абдулло, сухангӯи ин ширкат рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан маҳалли ҳамаи 6 плазаи боқимонда ба ҷойҳои васеътаре кӯч дода шудаанд ва дар онҳо васли таҷҳизоти муосир дар ҳоли анҷомёбӣ ва санҷишӣ қарор дорад. Ба ин манзур, ширкати IRS бо ширкати маъруфи толлингии аврупоии “Tecsidel” ҳамкорӣ карда, фаъолияти худро замонавӣ мекунад ва тавассути плазаҳои нав, ки дар рӯзҳои наздик ба фаъолият шурӯъ мекунанд, на 4, балкӣ 8 қатори мошинҳо метавонанд убур кунанд. Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, ба ин тартиб дигар дар плазаҳо набояд танбашавии мошинҳо дида шавад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Tecsidel” онҳо барои ронандаҳо кортҳои наверо ба фурӯш мегузоранд, ки тавассути онҳо мошинҳо бидуни ист аз плазаҳо убур карда ва таҷҳизоти махсус маблағи заруриро аз суратҳисоби ронандаҳо меситонад

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG