Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми ҷустӯҷуи сарбозони нопадидшудаи Амрико


Як қисми киштии ҷангии Амрико сахт осеб дидааст.
Як қисми киштии ҷангии Амрико сахт осеб дидааст.

Нерӯҳои баҳрии Амрико гуфтанд, ки баъди пайдо кардани чанд ҷасад, ҷустӯҷуи ҳафт маллоҳи нопадидшударо қатъ карданд. Ин ҳафт нафар ҳангоми бархӯрди як киштии ҷангии Амрико бо киштии борбаре дар наздикии соҳилҳои Ҷопон бенишон шуданд.

Сипоҳи ҳафтуми баҳрии Амрико рӯзи 18-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “маъмурони наҷот ва ҷустӯҷу ба гӯшаи осебдидаи киштӣ роҳ ёфтанд ва сарбозони нопадидшударо дар гӯшаи пуроби он пайдо карданд.”

Дар баёния теъдоди сарбозони ғарқшударо нагуфтаанд, вале адмирал Ҷозеф Аусоин гуфт, ки то замоне, ки хонаводаҳои қурбониён аз ҳодиса огаҳ карда нашаванд, иттилои изофӣ нашр нахоҳад шуд.

Маллоҳони амрикоӣ рӯзи 17-уми июн баъд аз бархӯрди киштии ҷангии Фитсҷералд бо киштии борбари АСХ Кристал нопадид шуданд. Яке аз бахшҳои киштии ҷангӣ сахт осеб дидааст.

Дар замони садама 285 маллоҳу сарбоз дар киштӣ будаанд. Капитани киштиро, ки сараш захм бардоштааст, барои муолиҷа ба Ҷопон бурдаанд. Таҳқиқи сабабҳои садама шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG